Имзои шартнома оиди сохтмони НБО "Себзор"

Имзои шартнома оиди сохтмони НБО "Себзор"

5-уми декабр дар Душанбе роҳбари  ҶСК «ТГЭМ» Иқбол Сафаров ва ҳамтои ӯ аз ширкати Энергетикии «Помир Энержӣ» (Pamir Energy)  Амрихон Раимов дар доираи пирӯзӣ  дар раванди тендер доир ба сохтмони НБО-и «Себзор» шартнома ба имзо расониданд.  

Аз ҷумла, ҷонибҳо оиди сохтмони  роҳ ва насби лӯлаҳо ба масофаи 3-километр, бунёди толори таҷҳизотҳо, истгоҳи обқабулнамоӣ, ҳамчунин интиқол намудани таҷҳизоти гидротехникӣ ба НБО-и  «Себзор», ки дар мавзеъи ҷараёни дарёи Шоҳдараи ноҳияи  Рошткалъаи ВМКБ воқеъ гардида аст, ба мувофиқа расиданд.

Дар назар аст, ки дар авҷи сарбории корҳои сохтмону васлкунӣ то 300 нафар мутахассисони ҶСК ТГЭМ дар иншооти мазкур ба кор ҷалб карда мешаванд.

Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби грантҳои молиявии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон ҷудогардида, тавассути Бонки давлатии рушди Олмон – KfW амалӣ карда мешавад.

Нерӯгоҳи хурди «Себзор»  бо иқтидори 11МВт  имкони таъмини даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ ва содироти онро ба навоҳии марзии Афғонистон хоҳад дошт.